Садбарге, ки аёми сармо бишукуфт


     
                               
                                   Садбарге, ки аёми сармо бишукуфт
                                                         (новелла)

   Садои зангула аз интиҳои дарс паём дод. Ӯ ҳамоно банди андешаву хаёлоти хеш менишаст. Норозиёна китобу дафтарҳояшро гирд оварда аз зери миз дипломатро берун кашид. Дохили он садбарги сафедеро дида дар шигифт бимонд. Бо таҳайюр синфро аз назар бигзаронд, бидуни ӯ касе набуд. Зери гул табрикномаи мусаввире мехобид:
"Бениҳоят мамнунам, ки Язди офаридгар ту барин инсонеро андар ин рӯзи саид офаридаст. Маҳинбону, ин садбарг дар сафеди дили покатро мемонаду андар назокату латофат низ туро. Хоҳони онам, ки табассумҳои дилфиреб лабонатро, хандаҳои самими рухсораҳоятро ҳамеша мунаввар бисозанд". Ва дар анҷом:"Оне, ки туро мепарастад", нигошта шудааст. Зуд ҳамаро пинҳон сохт. Дастони нафисаш чеҳраи арғувонигаштаашро пӯшонид. "Худоё, ин ҳадяи кист? Зодрӯзашро ба касе нагуфтааст ку..." Пайдо шудани фаррош водор бинмуд, ки

синфро тарк гуяд. Ҳаяҷону изтироб оромаш намегузошт, симоҳои мухталифро пайи ҳам пеши назар меовард, то чеҳраи маҷнунӣ зери ниқобро муайян бисозад, вале ин муяссар намегашт. Бори дувум аст, ки аз нишастгоҳаш садбарги сафедро дармеёбад. Мартабаи нахуст ҳангоме, ки дар озмуни ровиён пирӯзӣ ба даст овард, аммо он вақт анҷоми поизу гулҳо ҳанӯз шукуфон буданд ва он бозёфтро тасодуф пиндошт, лекин дар ин зимистони қаҳратун садбаргро аз куҷо меёбанд?
   Шаҳрчаи аз марказ дар канор афтодаи онҳо на дӯкони гулфурӯшиеро дошту на гармхонаеро. Дар ин аём роҳи ағба ҳам баста мешуд... Вориди ҳавли гаштанашро нафаҳида монд. Гарчанде, ки дар кулба фарде набуд, дарро аз дарун қулф зад. Гулро т
ӯлонӣ назора бинмуд, гӯё кунун садбаргро медид ва наздик оварда бӯй кашид, наҳкати гуворое рӯҳу ҷисмашро фаро гирифт. Аз ин рафтор хеш шарм намуд, монанди он ки ба кори номатлубе даст зада бошад. Бори дигар табрикномаро бихонд. Хаёлот ӯро ба фазои хеш даркашиду боз ба ҷустуҷӯйи маҷнунӣ зери пардаи асрор монда пардохт. Ба ёдаш нигоҳои шармгинонаи Ромин бирасиданд. Шояд ин кори ӯст? Ин шахсияти асроромез соле пеш дар синфашон пайдо шуд. Мегуфтанд, ки падараш ҳавонаварди низомӣ будааст ва ҳангоми набард муҷоҳиддини афғон чархболашро сарнагун месозанд ва он ба кӯҳ бархӯрда оташ мегирад, падараш ба хеш наомада дар табобатгоҳи сипоҳиён ҷон медиҳад. Пас аз ин фоҷиа бо модару хоҳарчааш ба назди бобояш кӯчида омаданд. Дар дониш касе бо ӯ бо баробар шуда наметавонист, кам сухан менамуд, бо касе дӯстӣ ҳам надошт, соатҳои дароз танҳо менишаст, - ин сифатҳояшро аксарият намеписандиданд ва ақида доштанд, ки ӯ ғараи хеш аст. Дар ниҳонаш баҳри ойнак монда гаштанаш "ачкарик" мегуфтанд. Вале рӯйдоде аҳли синфро дар ҳайрат бигузошт. Дарси таърихро дар синфи онҳо Ҳакимали Ёров мебурд. Дар ҳузури ӯ касе сухани барзиёде ба забон оварда ва ҳатто ба ӯ нигариста наметавонист. Агар ӯро дар кӯча дучораш оянд, мекушиданд, ки ба чашмаш наафтанд, ҳатто Аҳрор, ки дар мактаб ҳама аз ӯ метарсиданд худро аз Ёров канор мегирифт. Боре ҳангоми дарс Ёров Роминро аз ҷояш бархезонд.
-
Кани аз ҷоят хез! Чӣ ин ҷо хонаи падарат мӣ? Ду чашмат дар кӯча. Ман дарсро барои кӣ гуфта истодаам?
Ба ваъзияти ногувор афтодани "ачкарик" бисёриҳоро мамнун бисохт, ин манзараро назорат намуда зери лаб механдиданд.
-
Аввалаш, ки номи падарамро ба забон нагиред, дуйумаш, ки ман ғулом нестам, ки ба сари ман фарёд кунед.
-
Ту сагбача ҳоло гап ҳам мегардони-мӣ?
-
Ба даҳонатон нигоҳ карда гап занед. Ман сагбача нестам. Шумо мехоҳед ки ҳама дар наздатон аз тарс биларзанд, вале ман аз он одамҳо нестам. Танҳо ғуломнаждод мекушад, ки дигаронро тавассути тарсу ҳарос низ ба ғулом табдил диҳад...
Ёров аз шиддати ғазаб дигар хешро дошта натавониста дағалона ӯро аз кифташ
гирифта ба берун кашид, вале Ромин зуд худро раҳо намуд:
- Агар гапатон бошад, марҳамат ба берун баромада сӯҳбат менамоем. Назди шогирдон бо ман дастбагиребон шудан ба шаъни шумо намезебад... Ёров, чун даррандаи сайдашро зери по афканда натавониста, намедонист чӣ кор бикунад ва бо шаст дарро пӯшида синфро тарк кард. Ҳама хомӯш буданду аз Ромин чашм намеканданд. Пас аз чанде Ёров бо директор баргашт. Директор сухане накарда Роминро бо худ бурд...
   Такондиҳиҳои т
ӯлонии модараш ӯро аз хоби ширин берун овард. Бо хаёлоти гуворою рангини зи олами хобҳо оварда чашмонашро во насохта рӯи болин нишаст, гӯё намехост, ки аз фазои дилфиреб берун ояд. Ба хотираш гул бирасид, фавран аз ҷояш бархоста онро аз паси парда берун оварда бӯй кашид, боз ҳамон накҳати анбарин машомашро муаттар бисохт. Вақте ки ба кӯча баромад, сармои субҳгоҳон симояшро лолагун бинмуд. Ғичирроси барфи зери пой, шӯшаҳои чун гӯшвораҳо дар бомгӯшаҳо овезон, қуллаҳои сарсафеди сукунатро ихтёр фармудаи кӯҳҳо, хуршеди заррини бо нурҳои нахустини оҷизаш атрофро ба оғӯш хеш кашида… ин тобиши табиатро Маҳинбону гӯё бори нахуст дарк мекард. Ҳине, ки ба синф даромад, ҳама кайҳо дар ҷойҳои худ нишаста сӯҳбат доштанд. Дипломатро ба ҷояш гузошта палтояшро кашида ба тахтапушти курси бимонд ва ин сония чашмаш ба Ромин биафтод, ки ӯро назора менамояд, фавран нигоҳашро гурезонд. Ҳангоми танаффус нигоҳҳо ғайричашмдошт ба ҳам бархӯрданд, гӯё онҳо ниҳони ҳамдигарро меҷустанд.
   Ҳама баҳри дарси варзиш омодагӣ дида дар ҳуҷраҳои либосивазкунӣ доду фарёд доштанд. Вопасин Маҳинбону либосашро иваз бинмуда хост вориди толор гардад, аммо дастони қавии Аҳрор ногаҳон пеши роҳашро бигирифт. Сараввал ӯ инро ҳазл пиндошт, вале Аҳрор бо қатъият ӯро баромадани намемонд:
- Канӣ ба ман бифаҳмон, чӣ гуна дар дипломатат гул пайдо шуд?
- Кадом гулро дар назар дорӣ?
- Худатро ба нодони назан, ман ҳамаашро медонам, ё ин тӯҳфаи ачкарик-мӣ? Барои ҳамин назари бонуи мӯҳтарам мо барин бандагони фақирро намегирифтааст-дия.
- Сафсатаатро бас кун, ақлат дар чояш мӣ?
Дастатро гир!
- Намегирам, то росташро нагӯйи аз ин ҷо намебароӣ. Маҳинбону бихост, зуран ӯро тела дода барояд, лекин Аҳрор бо шаст дасташро ба п
ушт тофт, аз зурии дард фарёд зад.
- Ҳоло ҳам гап намезани
- мӣ?
Ҳамин сония аз ҳуҷраи либоскаши писарҳо Ромин берун шуд.
- Сардеҳ, чӣ зуриатро ба духтарҳо ҳам нишон додании-мӣ?
- Даф шав аз ин ҷо, андоматро набинам, боз шал
лоқ нахӯрӣ!
Сухани охирин аз даҳонаш берун наомада зарбаи маҳвсозандае Аҳрорро чун дарахти табархӯрда сарнагун сохт. Ба пушт бирафта бар ҷевон бархӯрд. Сарашро молиш дода дашномкунон аз ҷояш бархост. Кушид ба ҳуҷум бигзарад, аммо ин лаҳза назди дар муаллим рост бишуд. Магар ӯ аз руйдод пай бурд-мӣ?
-
Барои чӣ ҳама дар сафанду шумоён ин ҷоед? Ноилоҷ ҳуҷраро тарк намуданд.
Пас аз дарс ҳамдигарро барфборон намуда пасопеш ба роҳ даромаданд. Маҳинбону бо сари хам қадам мезад. Дилаш ноором буд, гаштаю баргашта ба пас менигарист, вале аз Ромин нишо
не набуд. Ҳангоми танаффус мушоҳида карда буд, ки Аҳрор бо зердастонаш аз дигар синфҳо гуфтугузор доштанд. Ба дугонаҳояш фаҳмонд, ки калиди ҳавлиро дар синф фаромӯш сохтааст ва бинобарин ба пас бозгашт. Синфу китобхона ошхонаву толори варзишро давр бизад, аммо Ромин набуд. Ба хотираш расид, ки дар самти ғарбии боғи мактаб соли гузашта Аҳрор бо ҷӯраҳояш касеро "ҷазо" дода буданд. Боғро убур намуда ба он гӯша бишитофт, гоҳо то зону ба барф фурӯ мерафт, роҳ паймудан сония ба сония душвор мегашт. Бо азоби зиёде худро болои теппа гирифт. Дар зер Аҳрору атрофиёнашро дид, ки Роминро иҳота намуданд. Онҳо аз пайдо шудани ӯ лаҳзае хешро гум бинмуданд ва аз лагадкубии рақибашон даст кашиданд. Маҳинбону сонияе фикр накарда ба поён давид. Ромин бо даҳону бинии пурхун менишаст. Интиқомгирандагон диданд, ки дигар имконияти ҷазоро идома додан нест, норозиёна дипломатҳояшонро бардошта дур шуданд. Фосилае пас Аҳрор баргашта бо нидои таҳдидомез:
-
Ачкарик, дафаи оянда ҳушёр хоҳӣ шуд, имрӯз тақдират баланди кард.
Ромин чизе нагуфт, нигоҳаш ба Маҳинбонуи дар рӯ ба рӯяш нишаста биафтод:
-
Ин ҷо будани моро ба ту кӣ хабар дод?
-
Дилам гувоҳӣ дод. Ва дигар сухане накарда аз дипломат руймолчаи тозаеро бароварда ба Ромин дароз бинмуд. Нигоҳаш ба садбарги дар дипломат буда афтод, ӯро ҳаё зер кард. Маҳинбону низ ин нигоҳи Роминро пайхас намуд, вале вонамуд сохт, ки чизеро дарк накардааст. Ӯ Роминро бори нахустин бе ойнак медид. Чашмони шаҳлои оқилона, абрӯвони пайваста, то кунун зери ойнак ниҳон буданд. Ойнакро аз зери барф биёфтанд, аммо бо чанбари шикаста. Хомӯшона ба роҳ даромаданд, вақте ки худро болои теппа гирифтанд, офтоб андар миёни гардун буд. Барф чун пираҳани сафеди арусӣ талҳоро пӯшида дар партави хуршеди заррин аксандози намуда чашмҳоро мерабуд.
-
О, чӣ гуна ҳамаи ин зебост? - садо баровард Маҳинбону.
-
Ҳамаи ин назаррабоиҳо дар назди малеҳияти ту оҷизанд...
Аз ин суханон Маҳинбону арғувони бигашт. Пас аз чанде зардолузори беканори боғ ҳардуро дар оғ
ӯши хеш бикашид.

                                Ҳабиб Саид, соли 1990, ш.Душанбе

Комментариев нет:

Отправить комментарий