Рӯзе, ки Табиат мегирист


         
                                  
                                            Рӯзе, ки Табиат мегирист
                                                          (новелла)
   Чун шери жаён наъра мезад. Фиғон мекашид. Посгуно месохт. Ҳамчун ҷунунӣ гашта гӯр мекофт, решакан менамуд, пора мекард.
   Мер
ӯфт. Мебардошт. Мебурд. Мешикаст. Месӯхт...
   Бо зудии барқосо абри сияҳ симои хуршедро пӯшид. Фавран зулмоти ваҳмангез атрофро фаро гирифт. Дили кучаку оҷиз
ӣ инсон ин сонияҳо аз тарсу ҳарос берун ҷастан мехост. Лаҳзае пас ханҷари оташини барқ синаи абрро дарид. Аз пайкари захмдоршуда фавораҳои хунин ҷӯш мезаданд...
   Мешорид... Мешорид... Мешорид...
   Мегирист... Мегирист... Мегирист...
Чун модари фарзандонашро яғмогарон рабуда, чун маъшуқаи маҳбубаш тарк карда, чун маҷрӯҳи оғуштаи хуни хеш гашта, чун тифли дар биёбон бесоҳиб монда... Ин ашкон, андӯҳу сӯзиши ботин, нолаву фиғони дилрешкунандаи рӯҳи

Буте, ки дил мехӯрд



                                                Буте, ки дил мехӯрд
                                                          (новелла)

   Пироҳани нафис пайкари саврандомро ба оғӯш кашида аз ин гӯё чун Маҷнуни ба висол расида хушнуду масрур аст. Ангуштони нозуки акобирона ба даҳони латиф оҳиста пораи дили бирёнро мегузорад, дандонҳои оҷмонанд сонияе пас ба пора намудани он мепардозанд. Симои дилрабову падидае аз ғаму андӯҳи дунявиро дар хеш таҷассум насохта дар лаҳзаи нахустини дидор касро афсун намуда хирадро карахт месозад ва он ҳине ки ба худ омада ба таҳлили ин шоҳкории табиат оғоз менамоед, шуморо даҳшати ниҳоние фаро мегираду дар бадан рашъа медавад. Ин эъҷози зиндаи даҳр дар чашмони наргиси шаҳло сардии нафратангезеро нисбати инсон сабт намудааст. Маликае, ки азамати нерӯи маҳвсозандаи худро дарк месозаду ҳазорон ҷонҳое, ки баҳри нақшаҳои худпарастонаву волояш фидо мешаванд, ба сони пари пашшае дар мадди назараш, арзише надорад.

Садбарге, ки аёми сармо бишукуфт


     
                               
                                   Садбарге, ки аёми сармо бишукуфт
                                                         (новелла)

   Садои зангула аз интиҳои дарс паём дод. Ӯ ҳамоно банди андешаву хаёлоти хеш менишаст. Норозиёна китобу дафтарҳояшро гирд оварда аз зери миз дипломатро берун кашид. Дохили он садбарги сафедеро дида дар шигифт бимонд. Бо таҳайюр синфро аз назар бигзаронд, бидуни ӯ касе набуд. Зери гул табрикномаи мусаввире мехобид:
"Бениҳоят мамнунам, ки Язди офаридгар ту барин инсонеро андар ин рӯзи саид офаридаст. Маҳинбону, ин садбарг дар сафеди дили покатро мемонаду андар назокату латофат низ туро. Хоҳони онам, ки табассумҳои дилфиреб лабонатро, хандаҳои самими рухсораҳоятро ҳамеша мунаввар бисозанд". Ва дар анҷом:"Оне, ки туро мепарастад", нигошта шудааст. Зуд ҳамаро пинҳон сохт. Дастони нафисаш чеҳраи арғувонигаштаашро пӯшонид. "Худоё, ин ҳадяи кист? Зодрӯзашро ба касе нагуфтааст ку..." Пайдо шудани фаррош водор бинмуд, ки

Матушка моя – Земля, люблю тебя



                                         Матушка моя – Земля, люблю тебя
                                                              (новелла)



   Матушка Земля, как сумасшедшая, Любит нас, - своих блудных, неблагодарных, и полоумных... детей. На ее беспредельную Материнскую Любовь мы отвечаем – надругательством, издевательством, унижением, оскорблением. Делаем вид, будто Ее не существует в этом помешанном материальном мире, основная цель, которая для потомков Адама и Евы – стало удовлетворение наземных желаний.
   Сколько их было, потомков изгнанных душ из Эдема, которые провели свое детство в Ее Материнских Объятиях? Мистики, эзотерики говорят, что 666 миллиардов душ провели свое младенчество в Ее объятиях... А в Судный День только 66, 6 миллиардам душам предстоит держать ответ у Владыки Кармы.
   Грозные пучины Матушки – Земли проглотили Лемурию и Атлантиду. Потоп эпохи Ноя, полностью очистил Ее израненное Тело от неблагодарных потомков.

Роза, взошедшая из под снега