Рӯзе, ки Табиат мегирист
(новелла)
Чун шери жаён наъра мезад. Фиғон мекашид. Посгуно месохт. Ҳамчун ҷунунӣ гашта гӯр мекофт, решакан менамуд, пора мекард.
Мерӯфт. Мебардошт. Мебурд. Мешикаст. Месӯхт...
Бо зудии барқосо абри сияҳ симои хуршедро пӯшид. Фавран зулмоти ваҳмангез атрофро фаро гирифт. Дили кучаку оҷизӣ инсон ин сонияҳо аз тарсу ҳарос берун ҷастан мехост. Лаҳзае пас ханҷари оташини барқ синаи абрро дарид. Аз пайкари захмдоршуда фавораҳои хунин ҷӯш мезаданд...
Мешорид... Мешорид... Мешорид...
Мегирист... Мегирист... Мегирист...
Чун модари фарзандонашро яғмогарон рабуда, чун маъшуқаи маҳбубаш тарк карда, чун маҷрӯҳи оғуштаи хуни хеш гашта, чун тифли дар биёбон бесоҳиб монда... Ин ашкон, андӯҳу сӯзиши ботин, нолаву фиғони дилрешкунандаи рӯҳи